Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 декабри соли ҷорӣ мулоқоти Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Сафири навтаъйини фавқуллода ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович баргузор гардид.
Миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстонаю самимӣ сурат гирифта, ҳамкориҳо дар самти фарҳанг ва санъат, тақвияти ҳамкориҳои минбаъда бо Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор гардид.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон