Тибқи дастури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2023, №6590(26.4) ва протоколи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз 27 феврали соли 2023, №4/26-2 бо мақсади гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба баргузории озмуни мазкур дар минтақаҳои кишвар гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст.
Дар робита ба ин, аз 1 то 3 майи соли 2023 гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Достизода Миралӣ, сардори раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Орифӣ Озар Баҳромзода, ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Одиназода Бахтиёр ва муовини директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомӣ Бозоров Умед ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт сафари хизматӣ анҷом доданд.
Санаи 2 май дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт семинари омӯзишӣ барои муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо (сарпарасти соҳа), сардорони раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанг, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф ва илм, ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, директорони мактабҳои санъат, мусиқӣ, рассомӣ ва дигар шахсони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун, ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод баргузор шуд.
Семинарро муовини вазири фарҳанг Шарифзода М. М. ифтитоҳ намуда, вобаста ба сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи фарҳангу санъати миллӣ, ҳадафу талаботи низомномаи озмун ва тартиби баргузории он ибрози андеша намуд.