Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мубориза бо коррупсия амали дастаҷамъона ва қарзи шаҳрвандии ҳар фард мебошад

 

12.05.2023.312 майи соли 2023 дар толори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва бартараф намудани сабаб ва шароитҳои ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи корӣ Муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо, Сарнозири раёсати таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Назриён Васлибек Қурбон, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони муассисаҳои зертобеи вазорат иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини вазири фарҳанг Шарифзода Манучеҳр Муртазо ифтитоҳ намуда, қайд намудаанд, ки масъалаи коррупсияи ҳамчун зуҳуроти номатлуб имрӯз боиси ташвиши ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст. Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии кишвар аз санаи 26 январи соли 2021 таъкид доштанд, “Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад”.

Бинобар ин мубориза ва муқовимат бо фасод ё худ коррупсия амалӣ дастаҷамъона буда, набояд онро ба зиммаи танҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ вогузор намуд.

Сарнозири раёсати таҳлили хавфҳои коррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Назриён Васлибек Қурбон зимни суханронияш қайд намуд, ки дар қатори дигар чорабиниҳое, ки барои муқовимат ба коррупсия пешбинӣ шудаанд, нақши аз ҳама асосӣ ва муҳимро чораҳое, мебозад, ки онҳо пеш аз ҳама ҷиҳати огоҳсозӣ ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ошкору аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда равона карда мешаванд. Тамоми хизматчиёни давлатӣ бояд хушёрию зиракиро аз даст надода, дар самти мубориза бо коррупсия ва аз байн бурдани ҳолатҳои коррупсионӣ дастаҷамъона кору фаъолият намоем.

12.05.2023.412.05.2023.612.05.2023.712.05.2023.8