Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № АП – 318 аз 03 январи соли 2023, доир ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 майи соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев таҳти унвони “Навои шашмақом” Фестивали мақомсароён баргузор гардид.
Маҳфили пуршукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки Насриддинзода Эмомалӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, Муовини аввали вазири фарҳанг Назариён Одил Обид, муовини вазир Сафарзода Давлат Шариф баргузор гардида, дар он овозхонони ансамбли «Шашмақом»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов ва мақомсароён аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бӯстон, Исфара, Панҷакент, Бохтар ва ноҳияи Варзоб иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд.
Дар ибтидо, Паёми шодбошии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ ба ҳозирин ироа намуда, вобаста ба мақому манзалати ин шоҳасари мусиқии суннатӣ дар рушди санъати касбӣ, дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушду такомули Шашмақом ва дастовардҳои ҳунармандони мақомсаро ибрози андеша намуд.
Барномаи ҳунарӣ дар шакли нав бо фарогирии унсурҳои фарҳангӣ ва ба таври чойхонавӣ мураттаб гардида, бо ҳар як мақоми Шашмақом суруду оҳангҳои ҷаззобу дилпазир манзури ҳозирин гардиданд.
Дар охир ба иштирокдорон Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ёдовар бояд шуд, ки Рӯзи Шашмақом ҳамасола дар Тоҷикистон 12 май таҷлил карда мешавад.