Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони “Дунёи саодат”

16.05.2023.1Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила 15 майи соли 2023 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор гардид.

Дар ибтидо, муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф суханронӣ намуда, зикр намуд, ки дар замони соҳибистиқлолии Ватан мову шумо шоҳидем, ки бо дастгириву ҳидояти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои кишвари азизамон баҳри рушду такомули фарҳангу ҳунари миллӣ муҳиту заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.

 Зеро баргузор гардидани силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ ифодагари ин гуфтаҳо мебошанд.

Ҳадаф аз баргузор намудани Фестивали Ҷумҳуриявии ансамблҳои оилаваӣ таҳти унвони “Дунёи саодат” рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни онҳо мебошад.

Дар даври ҷамъбастии фестивал ансамблҳои оилавии Неъматовҳо аз шаҳри Конибодом, Латиповҳо аз ноҳияи Мастчоҳ, Холовҳо аз шаҳри Кӯлоб, Одинаевҳо аз ноҳияи Ишкошим, Раҳимовҳо аз шаҳри Роғун, Нуровҳо аз шаҳри Ҳисор ва Муродовҳо аз шаҳри Турсунзода иштирок намуда, аз рӯи бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа, намоиши либосҳои миллӣ, навозиши якка, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди анъанавӣ ва суруди умумӣ ҳунарнамоӣ карданд. Дар фарҷоми Фестивали мазкур ба ҳамаи иштирокдорон Диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба ҳамкорону гурӯҳи кории фестивал сипосномаҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуданд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

16.05.2023.216.05.2023.316.05.2023.416.05.2023.516.05.2023.616.05.2023.816.05.2023.716.05.2023.9