Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мулоқот бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон

 16.05.2023.11Имрӯз вазири фарҳанг Давлатзода Зулфия Давлат тибқи тартиби муқарраргардида бо сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои минбаъда дар самти фарҳанг, санъат, таъбу нашр ва ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ табодули андеша намуданд.

Ҳамзамон, вазири фарҳанг қайд намуд, ки сиёсати фарҳангии Тоҷикистон зери роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои хориҷӣ пайваста густариш ёфта истодаанд.

Ёдовар шуданд, ки лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкории фарҳангӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия омода намуданд, ки айни замон мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дошта, дар вақти бо ҳам муносиб созишномаи мазкур ба имзо хоҳад расид.

Дар умум вохӯрӣ дар сатҳи баланди тадорукоттӣ ва ҳусни тафоҳуми ҷонибҳо анҷом ёфта, муносибатҳои фарҳангии дуҷониба нек арзёбӣ гардид.

16.05.2023.12