Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 08:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“НИГОҲИ МАН” - ИФТИТОҲИ НАМОИШИ АСАРҲОИ ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОНИ ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙНИ ТОҶИКИСТОН

18.05.2023.1Рӯзи 17 майи соли 2023 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, бахшида ба 10–солагии таъсисёбии Донишкада намоиши асарҳои эҷодии омӯзгори ҷавони кафедраи тарҳрезии бадеии либос таҳти унвони "Нигоҳи ман" баргузор гардид.

Дар намоиш асарҳои рассомӣ, ки дар давоми 10 соли фаъолияти эҷодии рассом Абдуазизов Давлат тасвир шуда буданд, ба намоиш гузошта шуд.

Дар намоиш ректори Донишкада, меҳмонон аз Федератсияи Россия, омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедраи тарҳрезии бадеии либос, арбобони санъат ва дигар намояндагони самти санъати тасвирӣ ва дизайни ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Намоиш то 15 июни соли 2023 идома хоҳад ёфт.

18.05.2023.218.05.2023.318.05.2023.4