Рӯзи 18 майи соли 2023 бахшида 60-солагии таъсисёбии Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар толори калони муассисаи таълимӣ консерти ҳисоботии мактаб доир гардид.
Дар консерт сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Наимҷонзода, Раиси иттифоқи композиторон А. Мусозода, директори «Оркестри симфони»-и назди Дастгоҳи иҷрояи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон О. Солиев роҳбарони муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, шахсони маъруфи соҳа ва волидони муҳассилин ширкат доштанд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ, ин натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи таълимоти тахассусӣ ва муайян намудани маҳорати касбии муҳассилин мебошад, ки аз миёни онҳо беҳтаринҳо барои иштирок дар чорабиниҳои фарҳангии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ интихоб ва омода карда мешаванд.
Барномаи консертӣ аз асарҳои гуногуни композиторони ватанию ҷаҳонӣ мукаммал шуда, бо як маҳорати хос пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ роҷеъ ба сифати таълими мусиқии касбӣ, Раиси иттифоқи композиторон А. Мусозода, намояндаи Вазорати фарҳанг Н. Наимҷонзода, директори Оркестри симфонӣ О. Солиев ибрози андеша намуда, ба асарҳои иҷрошуда аз ҷониби шогирдони муассиса баҳои баландро созовор донистанд.