Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони “Дӯстӣ бимонад ҷовидон” баргузор гардид

 

23.05.2023.1Санаи 22 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” дар доираи силсилачорабиниҳои фарҳангӣ бахшидаба 50-солагии донишкада якумин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони “Дӯстӣ бимонад ҷовидон” баргузор гардид, ки дар он муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, декани факултаи санъатшиносии Донишгоҳи давлатии Бухоро Азимов Санҷар ва ректори донишкада, профессор Муҳриддин Низомӣ ва довталабон аз Федератсияи Россия, ҶумҳурииБелорус, Ҷумҳурии Ӯзбекистонва Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи ҳузурӣ ва ғайриҳузурӣ бо пешниҳод намудани наворҳо иштирок намуданд.

Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ аз рӯиноминатсияҳои сурудхонии халқӣ, навозиши асбобҳои миллӣ ва рақси миллӣ бо мақсади шинос шудан бо санъати миллии кишварҳои ҳамҷавор ва табодули таҷриба баргузор гардид, ки дар он як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба тариқи ҳузурӣ дар радифи устодону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ширкат варзида маҳорату истеъдоди худро ба намоиш гузоштанд.

Ҳайати доварон, ки ҳам аз Ҷумҳурии Ӯзбекистонва ҳам ҶумҳурииТоҷикистон буданд ба маҳорату истеъдоди довталабон баҳои воқеӣ дода, бо муайян намудани ғолибон кори якумин Озмуни байналмилалии рушди санъати миллӣ таҳти унвони“Дӯстӣ бимонад ҷовидон”-ро ҷамъбаст намуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ ғолибон ва довталабони фаъоли дар озмун ширкатварзидаро бо Дипломҳо ва мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд. Пас аз ҷамъбасти озмун консерти муштараки устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” баргузор гардид.

23.05.2023.223.05.2023.323.05.2023.4