Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 09:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ташрифи мутахассисони соҳаи мусиқии касбии Ӯзбекистон ба мактаби мусиқии Зиёдулло Шаҳидӣ

24.05.2023.7Рӯзҳои 22-23 майи соли 2023 бо мақсади табодули таҷрибаи педагогӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ, такомули сатҳи донишомӯзии хонандагон аз ихтисос ва баланд бардоштани маҳорати иҷрокунандагии муҳассилин дар толорҳои хурд ва калони Муассисаи давлатии «Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ» бо иштироки омӯзгорону толибилмони мактаб ва мутахассисони баландихтисоси соҳаи мусиқии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарси маҳорат баргузор гашт.

Устодони забардаст, мудири кафедраи иҷрокунандагӣ дар созҳои миллии мусиқии Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон профессор Мирфаёзов Баҳодур Олимович ва дотсенти кафедраи созҳои тории Консерваторияи давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Овчинников Дмитрий Петрович ба якчанд нафар шогирдони мактаб-интернати мусиқӣ оиди таърихи пайдоиши сози скрипка ва рубоб, доир ба нозукиҳои иҷрокунандагӣ, усулҳои навозиш дар асбобҳои мусиқии болозикр, бартараф намудани ғалатҳо ҳангоми иҷроиши асарҳои гуногуни мусиқӣ ва дигар масоили марбутро ба тарбиятгирандагон омӯзониданд.

24.05.2023.824.05.2023.9