Сомонаи пешина | Ҷм, 09 Июн 2023 / 10:06
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ ВОЛОМАҚОМИ ИКОМОС -И ПАРИЖ ОНА ВИЛЕЙКИС БА ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ

26.05.2023.124 майи соли равон намояндаи Шӯрои байналмиллалӣ оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҷойҳои тамошобоб (ИКОМОС) қароргоҳаш дар Парижи Ҷумҳурии Фаронса ва коршиносони Институти байналмиллалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ (ИБТОМ) дар ҳайати О. Вилекис, Н. Айтуган, М. Гурулев идомаи корҳо дар пешбурд ва коркарди силсиланоминатсияи "Ҳулбук - Хуттали қадим" ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳайати коршиносони байналмилалиро Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба ҳузур пазируфта, дар вохӯрӣ роҷеъ ба анҷоми корҳо, иқдомоти минбаъдаи корҳо сӯҳбатҳои муфид анҷом доданд.

Коршиносони байналмилалӣ аз ИКОМОС ва ИБТОМ дар робита ба шиносоӣ аз объектҳо ва ҳуҷҷатнигории объектҳои таърихию фарҳангии ба номинатсия шомилшаванда изҳори андеша ва муҳокима карданд. Она Вилейкис оид ба пешбурди номинатсияҳои ҷониби Тоҷикистон ба ЮНЕСКО ибрози назар карда, аз пешрафт ва дастовардҳои ин интизори Тоҷикистон дар моҳи сентябри имсол ишора намуд. Ёдовар мешавем, ки коршиносони байналмилалӣ дар якҷоягӣ бо коршиносони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи сафари худ аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии Восеъ, Фархор, Данғара, Мӯъминобод, Ховалинг, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуси вилояти Хатлон ва шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд боздид ба амал меоранд.

26.05.2023.226.05.2023.3