Сомонаи пешина | Пш, 05 Октябр 2023 / 07:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ “РАССОМИ БЕҲТАРИН” ВА “САРОЯНДАИ БЕҲТАРИН” МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ ДАР СОЛИ 2023 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

 

29.05.2023.1Моҳи майи соли равон дар муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ таҳти унвони “Рассоми беҳтарин” ва “Сарояндаи беҳтарин” баргузор гардид.

Дар маросими ҷамъбасти озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Довуд Ализода, муовини раиси шаҳри Истаравшан Фирӯза Муъминзода, намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Муаззама Абдуваҳобова, ҳайати ҳакамон, устодону шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок доштанд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ таҳти унвони “Рассоми беҳтарин” дар соли таҳсили 2022-2023, 6-нафар донишҷӯёни Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов» иштирок намуда, ҷоизадори ин озмун гардиданд. Муллоҷов Фаррухҷон аз рӯйи равияи «Санъати ороиши амалӣ» сазовори ҷои 1-ум, Юлдошова Зуҳал аз рӯйи равияи «Бофандагии бадеӣ» сазовори ҷои 1-ум, Палвонов Саҳобиддин аз рӯйи равияи «Графика» сазовори ҷои 1-ум, Ганҷинаи Зафарӣ аз рӯйи равияи «Зебосозии либос ва матоъ» сазовори ҷои 1-ум, Қосимов Одилҷон аз рӯйи равияи «Рассомӣ» сазовори ҷои 2-юм, Бойматов Алишер аз рӯйи равияи «Коркарди бадеии чӯб» сазовори ҷои 2-юм шуданд.

Инчунин аз миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов», сазовири ҷои 1-ум гардид.

Ғолибият муборак бошад!

29.05.2023.229.05.2023.329.05.2023.4