Муассисаи давлатии «Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов» рӯзҳои 1 – 3 майи соли 2018 даври дуюми ҷамъбастии Озмуни III – юми навозандагон ва сарояндагонро таҳти унвони «Истеъдодҳои ҷавон – 2018»-ро баргузор менамояд.
Озмун ба 80 – солагии композитор Миратулло Атоев бахшида шуда, дар толори консертии коллеҷ гузаронида мешавад.
Озмуни III – юми донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи Аҳмад Бобоқулов ба хотири дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавони беҳтарин миёни донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе дар бахши навозандагӣ ва сарояндагӣ гузаронида мешавад. Инчунин озмун дар тарғиби эҷодиёти композиторони тоҷик ва ҷаҳонӣ нақши муҳим хоҳад бозид. Ғолибони озмун барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тавсия карда мешаванд.
Бояд хотиррасон намуд, ки Озмуни I – ум соли 2014 бахшида ба 100 – солагии композитор Зиёдулло Шаҳидӣ ва Озмуни II – юм соли 2016 бахшида ба 25 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда буд. Маросими супоридани дипломҳо, ҷоизаҳо, ифтихорномаҳо ва баргузории барномаи консертӣ бо иштироки ғолибони озмун 7 майи соли 2018 соати 14:00 дар назар аст.
Барои дарёфти маълумоти бештар ба рақамҳои телефонии 227 – 34 – 33, 93-103-40-41 занг занед.