Сомонаи пешина | Чш, 05 Август 2020 / 23:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таъсиси «Лекторияи мусиқӣ» дар назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

 

Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бо мақсади ташаккул додани нерӯи эҷодӣ ва қобилияти наврасону ҷавонон, ғанӣ гардонидан ва фаъол намудани тафаккури бадеӣ, қавӣ сохтани меъёрҳои ахлоқӣ барои тарбия намудани насли наврас баҳри густариши маънавиёти ҷомеаи имрӯзаю ояндаи Тоҷикистон, ҳифзи беҳтарин анъанаҳои фарҳанги миллӣ ва гиромидошти асолати фарҳанги миллии ҷавонон лекторияи мусиқиро ташкил намуд.

Дар раванди баргузории ин лекторияҳо мавзӯъҳои таъриху назарияи мусиқии касбӣ, фаъолияти эҷодии композиторони тоҷик, таҳлили қисмҳои асарҳои мусиқӣ ва асарҳои композиторони наврас аз ҷониби композиторону мусиқишиносон мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Рӯзи 27 апрели соли 2018 нахустин лексияи оммавӣ дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ дар мавзӯӣ «Композитор Дамир Дустмуҳаммадов ва мусиқии касбии тоҷик» аз ҷониби бахши «Мусиқишиносӣ ва танқиди мусиқӣ»-и Иттифоқи композиторони Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон, дар назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Шӯрои мусиқӣ, Идораи «Тарғиби мусиқии муосир», бахшҳои «Эҷодӣ-ташкилӣ», «Мусиқишиносӣ ва танқиди мусиқӣ», «Илмӣ-тадқиқотӣ», «Фолклор ва мусиқии суннатӣ», «Бастакорӣ» ва бахши «Кор бо наврасону ҷавонони соҳибистеъдод» фаъолият дошта, фаъолияти ин бахшҳо ҷиҳати баланд бардоштани мақоми мусиқии касбии тоҷик дар ҷомеаи муосир равона гардидааст.