Сомонаи пешина | Яш, 23 Феврал 2020 / 12:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

  25 майи соли 2018 дар Консерваторияи милли Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерти ҳисоботии кафедраи фортепианои умумӣ баргузор гардид. Дар барнома донишҷӯёни кафедраи мазкур асарҳои машҳури композиторони ватаниву хориҷиро дар сози фортепиано манзури шунавандагон намуданд.
28.05.2018 10:33 252

26 майи соли 2018 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи корӣ иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2017, № 177 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои
28.05.2018 06:28 488

  Ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар ба Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбоналӣ Раҳмонов нисбати даргузашти ҳамсар ва модарарӯсаш изҳори тасаллият намуда, ба пайвандони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
28.05.2018 06:24 397

  24 майи соли 2018 дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида Соли рушди сайёҳӣва ҳунарҳои мардумӣконсерти ҳисоботӣ доир гардид. Ба барномаи консертӣ намояндагон аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, роҳбарони муассисаҳои
25.05.2018 10:46 350

23-24 майи соли 2018 дар Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон Озмуни дарёфти истеъдодҳои ҷавон баргузор гардид. Дар озмун наздики 40 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳри Душанбе иштирок намуда, маҳорати худро дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла, рақс, сурудхонӣ, навозиши асбобҳои мусиқӣ, ровигӣ ва иҷрои нақшҳо дар саҳна нишон доданд. Мақсади асосии озмун таблиғу ташвиқи
25.05.2018 05:20 443

  24 майи соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерти синфии омӯзгори кафедраи сарояндагии анъанавӣ Қодир Лутфишоев баргузор гардид. Дар барномаи консертӣ донишҷӯёни кафедраи номбурда “Оҳанги халқии бадахшонӣ” ва ансамбли духтарон суруди “Бадахшон”-ро дар сатҳи баланд иҷро намуданд. Инчунин донишҷӯи курси 3 Саидраҳим Саидиброҳимов ғазали Шамси Табрезӣ «Бедор шав»-ро,
25.05.2018 05:15 404

  24 майи соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон дарси маҳорат бо иштироки Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, устоди Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулови шаҳри Самарқанд Асадулло Атоуллоев баргузор гардид. Донишҷӯён ва устодони муассиса ба Асадулло Атоуллоев оид ба нозукиҳои санъат ва ҳунар суолҳои гуногун дода, посухҳои мушаххас гирифтанд. Асадулло Атоуллоев аз
25.05.2018 04:39 371

    «Дар таҷаллии офтоби аллома Иқбол»-таҳти чунин унвон китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон, Лауреати мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулоҳ Рудакӣ Ҳақназар Ғоиб дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ҷамъомадро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда,  зикр кард, ки ғояи асосии ин
25.05.2018 03:57 433

  22 майи соли 2018 дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд бамуносибати Рӯзи ҷавонон давраи ҷамъбастии озмуни «Китобхони беҳтарин», ки байни истифодабарандагони Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ва китобхона-филиалҳои он дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар даври ҷамъбастии озмун 7 донишҷӯ ва 19 хонанда, ки дар
24.05.2018 06:28 382