Сомонаи пешина | Чш, 11 Декабр 2019 | 03:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

13 апрели соли 2018 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ консерти синфии омӯзгори калони кафедраи сарояндагии анъанавии факултаи мусиқии суннатии тоҷик Абдурасул Исмоилов баргузор гардид.Дар барномаи консертӣ донишҷӯёни курсҳои 1-5 ҳунарнамоӣ карда, аз мақомҳои Наво, Сегоҳ, ғазалҳои Ҳилолӣ, Бедил, Ҷомӣ
16.04.2018 07:15 284

15 апрели соли 2018 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» бо тантана ифтитоҳ гардид. Дар саҳни китобхона меҳмонон таҳти навои карнаю сурнай аз намоишгоҳи китобҳои тозанашри кӯдакона таҳти унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ» дидан намуданд. Меҳмонони фестивал китобҳои
16.04.2018 06:55 428

  Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили 140-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Саҳми устод Айнӣ дар ҳифзи асолати забони тоҷикӣ ва бузургдошти фарҳанги суннатӣ» баргузор гардид. Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни
13.04.2018 10:42 343

12 апрели соли 2018 дар Толори хурди Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов консерти синфии иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи сарояндагии анъанавӣ Хуршед Иброҳимзода бо номи “Шоми мақом” баргузор гардид. Барномаи консертӣ ба соли “Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бахшида шуда, дар он донишҷуён ва устодон оҳангу сурудҳои Шашмақомро манзури тамошобинон
13.04.2018 09:45 376

  Аз 15 апрел то 15 - уми майи соли 2018 дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Сайри китоб» баргузор мегардад. Ифтитоҳи ботантанаи фестивал 15 апрел соати 10:00 дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ , китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо
13.04.2018 09:18 322

  Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз соати 16 то 18 ва дар мавсими тобистон аз соати 18 то 20 дар боғҳои фарҳангӣ — фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ, аз ҷумла, намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир мегарданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе
13.04.2018 09:05 399

17 апрели соли 2018 дар толори арғунуни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода шоми эҷодии Фируза Комилова баргузор мегардад. Дар барнома оҳангҳои композиторони тоҷик, рус ва ғарб дар роял ва арғунун навохта мешаванд.
13.04.2018 07:14 336

  12 апрели соли 2018 дар Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев Конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба 140-солагии асосгузори адабиёти муосир, қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар конфронс сармутахассиси шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон А. Самиев ва намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар чорабинӣ хонандагони мактаб-интернат
13.04.2018 06:41 493

Шоми 12 апрели соли 2018 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Шоми мусиқии фаронсавӣ баргузор мегардад. Дар барномаи консертӣ навозиши оҳангҳо аз композиторони фаронасавӣ, иҷрои сурудҳо бо забони фаронсавӣ ва намоиши рақсии балет дар иҷрои оркестр, ҳунарпешаҳои балет ва сарояндагони ин театр назар аст. Боиси
12.04.2018 06:06 328