Сомонаи пешина | Пш, 27 Феврал 2020 / 12:02
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Хабарҳо

  Ба унвони Вазири фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи директории иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ А.Г. Иксанов номаи сипос омад. Дар матни нома ҷаноби Иксанов ба Вазири фарҳанг барои мусоидат ба баргузории консерти тантанавии ҳунарпешаҳои тоҷик дар шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озорбойҷон изҳори миннатдорӣ менамояд. Дар матни
04.01.2018 11:19 814

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Соли нави мелодии 2018-ро бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд. Аз ҷумла, 29 декабри соли 2017 аз тарафи ҳунармандони ансамбли «Навои Бадахшон» ва маркази фарҳангӣ – фароғатии шаҳри Хоруғ барномаи ҷолиби консертии «Чароғаки солинавии шаҳри Хоруғ» баргузор гардид. 30 декабри соли 2017 аз ҷониби гурӯҳи номбурда
04.01.2018 11:17 687

Бахшида ба ҷашни Соли нави мелодии 2018 дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷорабиниҳои гуногуни идона ва фарҳангӣ дар сатҳи баланд баргузор гардиданд. Санаҳои 27, 28, 29 декабри соли 2017 ва 2 январи соли 2018 дар Муассисаи давлатии Кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд барномаи консертӣ бо иштироки ансамблҳои рақсии «Зебо», «Ғаффор Валаматзода», ансамбли
04.01.2018 04:20 635

Ҷумҳурии Чехия кӯдакон ва наврасони сини 4-16 соларо барои иштирок дар 46-умин Намоишгоҳи байналмилалии асарҳои бадеии кӯдакон LIDICE – 2018, ки 1 июни соли 2018 дар Ҷумҳурии Чехия ифтитоҳ мегардад, даъват менамояд.Намоишгоҳ соли 1967 ба хотири кӯдакони деҳаи Лидисеи Ҷумҳурии Чехия, ки соли 1942 аз ҷониби миллатгароёни олмонӣ кушта шуда
04.01.2018 04:19 617

29 декабри соли 2017 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов бахшида ба Соли нави мелодии 2018 барномаи идонаи консертӣ баргузор гардид. Барномаи консертӣ аз ҷониби хонандагон ва устодони факултаи санъати мусиқии эстрадӣ ташкил гардида, иштирокчиёни он намунаҳои осори мусиқии санъаткорони классикӣ ва муосирро манзури тамошобинон гардониданд.
02.01.2018 11:49 703

Рўзи 28 декабри соли 2017 дар Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов ба ифтихори фарорасии Cоли нави милодии 2018 чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинии идона донишҷўён корҳои эҷодии худро ба намоиш гузоштанд.  Дар чорабинии мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ш.Орумбекзода, сардори шўъбаи илми Вазорати фарҳанг Темурзода М. ва
31.12.2017 08:27 586

 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Ибодулло Машраб бо Ҷоизаи "Ситораи иттиҳод" қадрдонӣ гардид. Ҷоизаи мазкур зимни баргузории Форуми 12-уми зиёиёни эҷодкор, ки 11-уми декабр дар шаҳри Маскав ифтитоҳ ёфту ду рўз ҷараён гирифт, ба намояндагони соҳаҳои мухталифи илму фарҳанги кишварҳои ИДМ супорида шуд. Форуми
30.12.2017 17:49 536

Бахшида ба ҷашни Соли нав чанд муддат ин ҷониб дар театрҳои шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳо баргузории намоишҳои солинавӣ идома дорад. 30 декабри соли 2017 аҳли ҳунари Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский намоиши «Приключения Зайца в новогоднем лесу» -ро ба ҳаводорони худ пешниҳод намуданд. Аҳли ҳунари Театри давлатии
30.12.2017 17:38 564

 30 декабри соли 2017 соати 14:00 бахшида ба ҷашни Соли нав дар толори Сирки давлатии Тоҷикистон аввалин намоиши сиркии ҳунармандони Сирки давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.  Ҳайати 16 нафараи Сирки Ӯзбекистон бо худ ҳайвонҳои гуногуни ромшуда, аз ҷумла маймунҳо, сагҳо, ламаҳо ва аспчаҳоро овардаанд. Ҳаводорони санъати сиркӣ метавонанд аз барномаҳои ҷолиби
30.12.2017 17:33 781