Сомонаи пешина | Яш, 15 Декабр 2019 | 12:12
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28 — умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе

 

09.09.2019, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Бо камоли ифтихору фараҳмандӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари азизамон ва ҳамаи шумо, ширкаткунандагони тантанаи имрӯзаро бори дигар ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ — 28 — умин солгарди истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» самимона табрик менамоям.

Бисту ҳашт сол муқаддам халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ — истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки имрӯз мо ин падидаи бузурги таърихи навини халқамонро бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихору сарафрозӣ таҷлил менамоем.

Истиқлол арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардид ва мавқеи шоистаи худро дар байни кишварҳои мутамаддин соҳиб шуд.

Истиқлол нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад.

Тамоми мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик дар бисту ҳашт соли охир тай кард, масири пур аз монеаву мушкилот буд.

Алалхусус, кишварамон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба марҳалаи мухолифати шадиди дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона ворид гардид.

Хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо бо ҳар роҳ мехостанд давлати навбунёди тоҷиконро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кунанд ва миллатро пароканда созанд.

Вале бархилофи ҳадафҳои нопоки хоинони миллат ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд.

Аз ин лиҳоз, ман ҳамеша таъкид месозам, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо – тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳаммияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.

Воқеан, ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад.

Маҳз сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мо имконият фароҳам овард, ки то имрӯз ба хотири пешрафти Ватани аҷдодиамон бисёр иқдомоти бунёдгаронаро анҷом диҳем.

Ҳоло бо эътимод метавон изҳор намуд, ки таҷлили ҳамасолаи солгарди истиқлол ҳамчун ҷашни муқаддаси миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза бахшида истодааст.

Субҳи имрӯз мо дар фазои тантанавӣ агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор андохтем, ки ин падидаи неки созанда ва дастоварди муҳимтарини мо дар самти боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли нерӯи барқ, таҳкими иқтидори энергетикии мамлакат аҳаммияти бунёдӣ дорад ва боз як қадами устувори мо дар ҷодаи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ мебошад.

Итминон дорам, ки бунёди ин иншооти бузурги аср солҳои наздик  бо кӯшишу ғайрати ватандӯстонаи мутахассисону сохтмончиён муваффақона анҷом меёбад ва ба шарофати он баробари рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ сатҳу сифати рӯзгори мардуми мо нисбат ба имрӯз хеле беҳтар мегардад.

Ҳозирини арҷманд!

Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ҳимояи дастовардҳои замони истиқлол-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва хифзи манфиатҳои давлату миллат вазифаи ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад.

Хусусан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдату сарҷамъӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ дар шароити имрӯза аҳаммияти беш аз пеш касб кардааст.

Ин рисолат аз тамоми ҷомеа, алалхусус, аз аҳли зиё тақозо менамояд, ки моҳияти сулҳу ваҳдат, ватану ватандорӣ ва худшиносии миллиро ба наврасону ҷавонон ҳарчи бештар ташвиқ намоянд.

Мо ба хотири ҷовидону бегазанд мондани истиқлоли давлатамон насли пешрафта — насли дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав ва ватандӯсту ватанпарварро ба камол расонидем, ки дар оянда масъулияти соҳибӣ кардани давлати соҳибистиқлоли мо ба дӯши онҳо гузошта мешавад.

Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси мо, аз ҷумла сокинони шарафманди пойтахт бо заҳмати софдилона ва азму иродаи қавӣ минбаъд низ дар ободии Ватани маҳбубамон аз ҳарвақта бештар заҳмат мекашанд, шӯҳрати онро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, дар раванди давлатсозиву давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзишманд гузошта, роҳи таърихии халқамонро, ки аз истиқлоли Ватан ибтидо гирифтааст, сарбаландона идома медиҳанд.

Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини аҷдодии мо абадӣ бошад!

Пояндаву ҷовидон бод истиқлоли халқи шарафманди Тоҷикистон!

Шараф ба мардуми бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, сулҳдӯсту тамаддунсоз ва заҳматкашу сарбаланди тоҷик!

Ҷашни 28-солагии истиқлолу озодии давлати тоҷикон ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми кохи нури Тоҷикистон, яъне нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» муборак бошад, ҳамватанони азиз!