Сомонаи пешина | Ҷм, 24 Сентябр 2021 / 04:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ» дар деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғараро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

17.06.21.116 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салимов Ромиш дар масоҳати 7 гектар, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд карда шудааст.

Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ду майдончаи варзишӣ барои футбол, волейбол, нуқтаҳои махсус барои теннис, майдончаи бозии кӯдакон ва наврасон, маркази ҷавонон, қаҳвахона, ошхона бо 60 ҷойи нишаст, ҳавзҳои шиноварӣ барои наврасону калонсолон, ҳавзи моҳипарварӣ ва барои доир намудани барномаҳои фарҳангӣ нуқтаи махсус сохта шуда, баҳри истироҳату фароғати кӯдакон 12 атраксиони замонавӣ насб гардидааст.

Иншооти мазкур аз ҷониби мутахассисони ватанӣ бунёд гардида, дар рафти сохтмон масолеҳи сохтмонии дорои сифати баланд истифода шудааст.

Дохили боғи фарҳангӣ-фароғатӣ пурра сабзазор гардида, барои хуррамгардонӣ 11 ҳазор бех ниҳоли нодири сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст.

Нигоҳубини ниҳол ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ низ сафолакпӯш гардидааст.

Ҳудуди боғро 18 фаввораи хурду бузург, ки бо шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд шудааст, зебу зиннат ва шаҳомати бузург мебахшад.

Ҳамчунин дар дохили боғ композитсияҳои бадеӣ-ҳайкалҳои палангу уштур, гавазну оҳу, санҷобак, кабк, товус ва дигар ҳайвоноту парандагон насб карда шудааст. Муҷассамаи қаҳрамонони филмҳои тасвирии кӯдакона, кузаву хумҳои сафолини бо гулу буттаҳои нодир ороёфта, ба ҳусни боғ зебогии дучанд зам намудааст.

Гирду атрофи иншооти нав пурра панҷарапӯш гардида, даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро дода шудааст.

Ишооти нави замонавӣ бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар доираи ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бунёд карда шуда, дар баробари ободу зебо гаштани як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамзамон баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин иншооти фарҳангиро дар доираи ҷашнҳои миллӣ туҳфаи арзанда ва намунаи ибрат номида, масъулонро барои нигоҳубини он вазифадор сохтанд.

Ҳамчунин Сарвари давлат таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба татбиқи қонунҳои амалкунанда ва нақшаву ҳидоятҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

Пас аз бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” сокинону меҳмонони ноҳияи Данғара имкони мусоиди истироҳату фароғат пайдо карданд. Ҷавонону сокинони саодатманди ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол сайругашт намуда, ғизои маънавӣ мегиранд.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти фарҳангӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуда, ба онҳо сару либоси мактабӣ, мукофоти пулӣ ва ширинӣ тақдим намуданд.

Даҳҳо нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз сиёсати ғамхорона ва падаронаи Пешвои муаззами миллат баҳравар гаштанд.

Зимни мулоқот Сарвари давлат таъкид доштанд, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расидани онҳо тамоми имконотро муҳайё сохтааст.

Дар ин росто ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо талаб карда шуд, ки бо истифода аз имконоти фароҳамовардашуда илмҳои замони муосирро аз худ намуда, номбардори ватану диёри хеш бошанд.

17.06.21.1 117.06.21.1 217.06.21.1 317.06.21.1 417.06.21.1 517.06.21.1 617.06.21.1 717.06.21.1 817.06.21.1 917.06.21.1 1017.06.21.1 11