Сомонаи пешина | Шб, 18 Январ 2020 | 07:01
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПРЕЗИДЕНТ

  Душанбе, 31.12.2019. Ҳамватанони азиз! Ҳоло, ки мо дар остонаи соли нави мелодии 2020 қарор дорем, бо истифода аз фурсат кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат табрик гуфта, ба ҳар фарди Ватани азизамон саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ ва ба кишварамон пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзумандам. Соли 2019
03.01.2020 04:05 46

  26.12.2019, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!Ҳамватанони азиз! Соле, ки сипарӣ шуда истодааст, дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор сабт мегардад. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
26.12.2019 09:27 855

  23 ноябри соли 2019 Ҳамватанони азиз! Бо камоли ифтихор тамоми сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз рамзҳои муҳимми давлати миллии мо буда, мояи сарбаландии ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпараст ба ҳисоб меравад, самимона табрик мегӯям. Парчам барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо
25.11.2019 03:16 143

  12.11.2019, Франсия Муҳтарам Раис,Ҷанобони олӣ,Хонумҳо ва ҷанобон! Дар оғоз мехостам ба роҳбарияти Директори генералии ЮНЕСКО хонум Одри Азуле  барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷаласаи чиҳилуми Конфронси генералии он изҳори миннатдорӣ намоям. Тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он  яке аз мушкилоти ҷиддии замони муосир ба ҳисоб мераванд. Таъсири манфии ин падидаи глобалӣ ба миқдор
13.11.2019 10:09 158

  04.11.2019, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ! Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад. Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи
04.11.2019 09:23 184

  22.10.2019, шаҳри Душанбе Донишмандони муҳтарам!Ҳозирини гиромӣ! Мардуми шарифи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарварро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу тобноки онҳоро ситоиш менамояд. Ин мероси ниҳоят ғанӣ, ки рӯҳи ниёгон
22.10.2019 10:08 174

  13.10.2019, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Тамоми сокинони мамлакатро ба ифтихори ҷашни Меҳргон, ки мисли Наврӯз ва Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонии халқамон мебошад, самимона табрик мегӯям. Ҷашни Меҳргон ҳамчун ойини бисёр бостонӣ мероси арзишманди аҷдоди шарафмандамон буда, дар тӯли таърих ва имрӯз ба сифати яке аз рукнҳои муҳимми худшиносиву худогоҳии мардуми мо ба
14.10.2019 03:20 210

  04.10.2019, шаҳри Душанбе Ҳамватанони азиз! Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд. Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. Гузашта аз ин, дар фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳо, аз ҷумла мо — тоҷикон
04.10.2019 08:45 418

  12.09.2019, ноҳияи Данғара Ҳамдиёрони азиз! Мулоқоти имрӯзаи мо дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 28 — солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон, ки се рӯз пеш дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихор аз истиқлолу пойдории сулҳу субот таҷлил гардид, баргузор шуда истодааст. Ба ин муносибат, сокинони заҳматқарини ноҳияи Данғараро
13.09.2019 03:51 265