Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», ки соли 1998 қабул шудааст, дар танзими муносибатҳои муаллифон ва истифодабарандагони асарҳои онҳо, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи обьектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он нақши муҳим дорад.
Бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар, ҳамчунин дар сатҳи дахлдор танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон, бо дарназардошти сатҳи таваррум зарурати ба қонун ворид намудани тағйирот пеш омад.
Андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва ҳамзамон бо индексатсияи андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат индексатсия (афзун) карда мешаванд, ки ин омил на ҳама вақт аз ҷониби истифодабарандагон ба инобат гирифта мешаванд.
Фармоишгарон ва истифодабарандагони асарҳои муаллифон бештар ба маблағи ҳадди ақали ҳаққи қаламе, ки дар қарор омадааст, такя мекунанд.
Дар аксар маврид таносуби байни андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф бо боло рафтани андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат вайрон мешавад.
Муаллиф ба гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи асараш ҳуқуқ дорад. Андоза ва тартиби пардохти ҳаққи қалами муаллиф барои ҳар як навъи истифодаи асар дар шартномаи байни муаллифон муқаррар карда мешаванд.
Андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллифон тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои корҳои нигоришӣ – бадеӣ ва аксбардорӣ дар матбуот» аз 4 феврали соли 2002, №37 ва «Дар бораи андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф барои нашри асарҳои илм, адабиёт, санъат ва иҷрои фармоишҳо барои офаридани асарҳои драмавӣ, мусиқӣ, мусиқӣ-драмавӣ ва адабӣ барои иҷрои оммавӣ ё барои ҳуқуқи иҷрои нахустини оммавии асарҳои интишорнаёфта» аз 1 августи соли 2006, №351 ба танзим дароварда мешаванд.
Вазорати фарҳанг бо дарназардошти сатҳи таваррум ва бо мақсади дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии муаллифон масъалаи баланд бардоштани ҳадди ақали ҳаққи калами муаллифонро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва иттифоқҳои эҷодии ҷумҳурӣ таҷдиди назар намуд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» таҳия шуд ва баъд аз мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 3- декабри соли 2014 аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шуд.
Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" аз 31 декабри соли 2014, №1172 акнун қисми ҳафтуми моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он" бо таҳрири зайл ифода мешавад:
"Андозаи ҳадди ақалли қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва бо зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг индексатсия карда мешавад".
Ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирӣ ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷоди кишвар, инчунин, дар сатҳи дахлдор танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллифон роҳандозӣ гардидааст ва дар пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ҳангоми истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он нақши муҳим дорад.
Аҳмадалӣ ҲАМИДОВ,
сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобастаи Вазорати фарҳанги ҶТ
Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конвенсия ва созишномаҳои байналмилалӣ
оид ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он
Бо забони тоҷикӣ |
English |
Соли ҳамроҳшавии Тоҷикистон |
Конвенсия дар бораи таъсиси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ |
Convention Establishing the World Intellectual Property Organization |
|
Конвенсияиумумиҷаҳонии ҳуқуқимуаллиф
|
World Convention for copyright rights
|
Тоҷикистон иштироки худро дар соли 1992 тасдиқ намуд |
Конвенсия оид ба ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (Берн) |
Convention for the protection of literary and artistic works |
09.03.2000 |
Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи манфиатҳои ҳунармандон – иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва ташкилоти радио ва телевизион (Рим) |
International Convention for the protection of performers, producers of phonograms and Broadcasting organizations |
19. 05. 2008 |
Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (Женева) |
WIPO Copyright Treaty |
05. 04. 2009 |
Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо |
WIPO Performances and Phonograms Treaty |
24. 08. 2011 |
Конвенсия оид ба ҳимояи истеҳсолкунандагони фонограммаҳо аз ғайриқонунӣ аз нав истеҳсол кардани фонограммаҳои онҳо |
Convention for the protection of producers of phonograms against unauthorized duplication of their phonograms |
Баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва пешниҳод ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шудааст |
СОЗИШНОМАҲО |
|||
Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф Тоҷикистон (05.04.2009) |
Договор ВОИС по авторскому праву (Женева) |
|
1996 |
Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо (Тоҷикистон 29.12.2010, ҳамроҳ шуд)
|
Договор ВОИС по исполнению и фонограммам |
|
1996 |
Cозишномадарбораиҳамкорӣдарсоҳаи ҳуқуқимуаллиф ваҳуқуқҳоивобастаикишваҳоиИДМ Тоҷикистон 1993 |
Соглашение о сотрудничестве в области охраны авторского права и смежных прав стран СНГ |
|
1993 |
Cозишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи моликияти зеҳнии кишварҳои ИДМ Тоҷикистон 1998 |
Соглашение о сотрудничестве по пресечению правонарушений в области интеллектуальной собственности стран СНГ |
|
1998 |
Cозишнома оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати таъсиси мубодилаи байнидавлатии иттилоот ва ташкили маҳзани маълумоти миллии ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он Тоҷикистон 2010 |
Соглашение о сотрудничестве по организации межгосударствен-ного обмена информацией и формированию национальных баз данных авторского права и смежных прав |
|
2010 |