Сомонаи пешина | Яш, 24 Октябр 2021 / 04:10
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сафарзода Давлат Шариф

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

davlat sharif

Сафарзода Давлат Шариф 8 марти соли 1971 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1988 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Қ.Ш. Ҷӯраев дохил шуда, онро соли 1993 бо ихтисоси омӯзгори фанни химия ва биология хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатияшро соли 1993 дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси ёвари коргардон оғоз намуда, солҳои 1995-2000 ба ҳайси муҳаррири идораи фарҳангу маънавиёти ТВТ, солҳои 2000-2003 муҳаррири калони идораи барномаҳои сиёсии ТВТ, солҳои 2003-2005 сармуҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ ва афкори умуми ТВТ, солҳои 2007-2012 муовини аввали Директори телевизиони Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2012-2014 вазифаи директори генералии КВД «Тоҷиккино» - ро ба уҳда дошт.

Солҳои 2014-2019 ба ҳайси сардори раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 2019-2021 ба ҳайси директори Муассисаи нашрявии «Адиб» - и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои вазифа намудааст.

Бо мукофотҳои давлатии медали “Хизмати шоиста” (с. 2008) ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2018) қадрдонӣ шудааст.

Сафарзода Давлат Шариф 5 июли соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.